Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода рӯзи 13 май зимни кори мизи гирд дар Душанбе оид ба масоили авиатсияи гражданӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки эҳтимол ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар баробари ширкати “Сомон Эйр” имсол ба ҳамлу нақли зойирин ҳангоми адои маросими ҳаҷ машғул шавад.

Нахустин зойирини тоҷик имсол барои адои маросими ҳаҷ охири моҳи июл ба макони муқаддаси ислом сафар мекунанд.

Икромзода қайд кард, ки айни замон дар ширкат ба корҳои хизматрасонии техникӣ ва санҷиши ҳолати ҳавопаймоҳо ва дигар таҷҳизоту воситаҳои техникӣ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ аввали соли равон иҷрои парвозҳояшро қатъ карда буд.

Қобили зикр аст, ки дар кори мизи гирд дар Душанбе намояндагони як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти авиатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори мизи гирд мушкилоти монеъагузор ба рушди авиатсия дар минтақа, ҳамчунин масоли фаъолияти муштараки ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.