Ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар давоми семоҳаи аввали ҳамин сол қариб 36 млн. доллар афзуд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ наздики 2 млрд. 915 млн. долларро ташкил медиҳад. Аввали соли равон ин нишондиҳанда ба 2 млрд. 879 млн. доллар баробар буд.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар наздики 95% воситаҳое мебошанд, ки барои эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлат 65,6 млн. доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин ва Бонкии исломии рушд дар маҷмӯъ 62,7 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст. Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Бонки исломии рушд низ дар ҳаҷмҳои начандон зиёд қарздор аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.