Вазъи дастрасӣ ба доллар дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир боз мушкилтар шуд: дар бонкҳо дастрас намудани асъори амрикоӣ хеле душвор ё метавон гуфт, ки ғайриимкон буда, дар бозори ғайрирасмӣ қурби он аз 10 сомонӣ (барои 1 доллар) боло рафт.

Дар марказҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии пойтахт долларро мехаранд, лекин бо ишораи мавҷуд набудани чунин асъор, он фурӯхта намешавад.

Қурби хариди доллар ин рӯзҳо дар марказҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 9,43 сомонӣ ва фурӯши он - 9,45 сомониро ташкил медиҳад.

Дар марказҳои мубодилаи асъор мегӯянд, аз ҳисоби захираҳои доллари доштаашон бонкҳо имрӯз танҳо амалиёти интиқоли пулро (бо доллар) таъмин карда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, долларро метавон аз шахсоне дарёфт намуд, ки ба мубодилаи ғайриқонунии он машғуланд. Ҳарчанд дар қонунгузорӣ барои ин амал то ҷавобгарии ҷиноӣ ҷазо пешбинӣ шуда бошад ҳам, бархе аз имконоти пули осон кор кардан дар чунин шароит истифода мекунанд. Дар “бозори сиёҳ” 1 доллар ба 10,03 сомонӣ иваз мешавад, яъне 0,58 сомонӣ зиёдтар аз қурби бонкӣ.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба дархости “Азия-Плюс” дар мавриди камчин шудани доллар алҳол посух надодаанд.

Қобили зикр аст, ки камбуди доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон аз аввали соли равон ба мушоҳида мерасад.

Бонки миллӣ қаблан камбуди долларро дар навбати аввал ба вобастагии зиёди ҷумҳурӣ ба воридот нисбат дода буд.

“Мо ба воридот вобастагии зиёд дорем, қариб ҳамаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия аз хориҷи кишвар оварда мешавад”, - изҳор дошта буд ба журналистон моҳи феврали соли равон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ қайд карда буд, ки талаботи ҳамарӯзаи кишвар ба асъори хориҷӣ 24 млн. доллар арзёбӣ мешавад. Он замон Нурмаҳмадзода таъкид дошта буд, ки ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шудааст, ки дар навбати аввал ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, гандум, шакар, равған ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо асъори хориҷӣ таъмин кунанд.

Мебояд гуфт, камчинии шадиди доллар дар бозори асъори Тоҷикистон дар ин давра падидаи маъмулӣ шуда, дар Бонки миллӣ қариб ҳамасола дар ин робита изҳор мекунанд, ки камбуди доллар зери таъсири раванди муҳоҷират рӯйи кор меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.