Бино ба маълумоти Агенти омори назди президенти ҷумҳурӣ, давоми чор моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 15 млн. доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Ҳаҷми содирот дар ин давра ҳамагӣ наздики 320 млн. долларро ташкил додааст, ки беш аз се баробар аз содирот зиёдтар аст. Ҳамин тариқ, тамоили афзоиши воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон ва баръакс коҳиши содирот идома дорад.

Тӯли моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар ба маблағи беш аз 51 млн. доллар афзуда (5,3% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), содироти маҳсулот аз кишвар бошад, қариб 12 млн. доллар ё худ ба андозаи 3,6% коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра  ба 695 млн. доллар баробар шуд.

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми чор моҳи соли равон дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 3,1% ё худ қариб 40 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ апрели соли 2019 Тоҷикистон бо 97 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Россия (муомилоти дуҷониба - 332 млн. доллар), Қазоқистон (277 млн. доллар) ва Чин (180 млн. доллар) маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.