Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои камбуди шадиди доллари амрикоиро дар бозори дохилии асъор шарҳ дод.

Сабабҳои асосии болоравии талабот ба долларро дар Бонки миллӣ ба афзоиши тавозуни манфии савдо (зиёд будани воридот аз содирот) ва афзоиши мавсимии фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар давраи фасли баҳор нисбат доданд.

Ғайр аз ин, дар Бонки миллӣ зиёдшавии хароҷоти асъории буҷети давлатиро барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатиро низ қайд карданд, ки ба ҳаҷми асъори нақд дар бозор таъсир мекунад.

“Бо истифода аз болоравии талабот ва пешниҳоди нокофии асъори хориҷӣ, баъзе субъектҳо дар бозори ғайрирасмии асъор ба ҳаннотӣ машғул мешаванд, ки дар навбати худ ба фарқияти назаррас байни қурби расмӣ ва ғайрирасмии асъори хориҷӣ боис мегардад”, - зикр карданд ба “Азия-Плюс” дар Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки барои пешгирии фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии мубодилаи асъор аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва Бонки миллӣ гурӯҳҳои доимоамалкунанда фаъолият доранд, ки аз анҷом додани амалиёти ғайриқонунии вобаста ба асъор пешгирӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳамарӯза ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми 1,5 млн. доллар асъори хориҷӣ пешниҳод мекунанд.

Камчинии доллар

Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир камчинии шадиди доллар ба мушоҳида мерасад.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъор дастрасӣ ба доллар қариб ғайриимкон буда, онро метавон танҳо дар баъзе бонкҳо дар ҳаҷми маҳдуд - на бештар аз 200 доллар ба як нафар ба даст овард.

Захираҳои асъори бонкҳо маъмулан то танаффуси нисфирӯзӣ ба охир мерасанд. Аз ин рӯ, ҳамин миқдор асъорро ҳам на ҳама хоҳишмандон гирифта метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, пули миллиро метавон ба қавле дар “бозори сиёҳ (пасипардагӣ)” назди афроди ғайриқонунӣ ба мубодила машғул дар ҳама гуна миқдор бо доллар иваз намуд, лекин бо қурби баландтар. Ҳамин тавр, агар қурби фурӯши асъори амрикоӣ дар бонкҳо дар сатҳи 9,45 сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар бозори ғайрирасмӣ барои 1 доллар аллакай беш аз 10 сомонӣ талаб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.