Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 206 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон.

Наздики 85% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшударо бензин ва сӯзишвории дизелӣ (мутаносибан ҳудуди 75 ҳазор тонна ва қариб 100 ҳазор тонна) ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъ, воридкунандагони ин маҳсулот ба ҳисоби миёна 1 тонна бензинро бо нархи 547 доллар ва сӯзишвории дизелиро - 645 доллар дастрас кардаанд.

“Маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз ҷониби беш аз 100 субъект оварда шудааст, ки 56-тои онҳо мунтазам ба ин кор машғуланд”, - гуфтанд дар Хадамаоти зиддиинҳисорӣ.

Воридкунандаи асосии ин навъи маҳсулот ширкати “Газпромнефт - Тоҷикистон” мебошад, ки ба ҳиссаи он наздики 45% аз ҳаҷми умумии бензин ва нисфи сӯзишвории дизелӣ (солярка) рост меояд.

Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия - 87% интиқол дода шудааст. Ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд маводи сӯзишвориву молиданӣ аз Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо низ ворид карда шудааст.

Маҳсулоти нафтии имтиёзнок

Маҳсулоти нафтии Русияро Тоҷикистон бар асоси бидуни боҷ мегирад. Моҳи феврали соли 2013 байни давлатҳо дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расид.

Ин ҷо сари бидуни боҷ ба Тоҷикистон ворид кардани аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, мазут, битум, газҳои моеъ, кокси нафтӣ сухан меравад.

Баҳори соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, Тоҷикистон ҳамасола то моҳи сентябр бояд ҳаҷми дархостмешудаи маҳсулоти нафтиро аз Русия муайян ва ба Русия пешниҳод кунад.

Мақомоти салоҳиятдори кишварҳо то санаи 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар Тоҷикистонро барои соли минбаъда мувофиқа ва тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасонанд.

Ғайр аз ин, ҳамасола то 15 ноябр ба ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ давоми 9 моҳ ва эҳтимоли иҷрои онҳо дар давраи соли ҷории тақвимӣ маълумот дода шавад.

Пурра дастрас карда наметавонем

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола аз Русия интиқоли то 1 млн. тонна маҳсулоти нафтиро бо шартҳои имтиёзнок (бе пардохти боҷи содиротӣ) дархост мекунад, лекин ҳатто нисфи онро ҳам гирифта наметавонад.

Масалан, тибқи маълумоти оморӣ, бо ин василаи имтиёзнок соли гузашта Тоҷикистон аз Русия ҳамагӣ наздики 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ гирифтааст.

Беш аз 90%-и сӯзишворӣ аз Русия интиқол дода шуд.

Тибқи шартҳои созишномаи баимзорасида, агар Тоҷикистон ҳаҷми барои соли ҷорӣ муайяншудаи маҳсулоти нафтиро ворид карда натавонад, дар соли минбаъда ҳаҷми онро кам карда метавонанд.

Дар тавозуни индикативии ҳамасола байни ҷонибҳо мувофиқамешуда, маъмулан беш аз 35%-ашро бензин, 25%-ро сӯзишвории дизелӣ, 10%-ро сӯзишвории авиатсионӣ ва боқимондаро дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.