Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-майи соли равон 3,5%-ро ташкил дод. Моҳи майи соли 2019 сатҳи таваррум ба 1% баробар шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Мизони таварруми солона (тайи 12 моҳи охир) мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, ба охири моҳи май 8,8%-ро ташкил додааст.

Аз рӯи натиҷаҳои чор моҳи соли равон аз ҳама бештар - 4,3% маҳсулоти хӯрокворӣ қимат шудааст.

Тарифҳо ба хизматгузории пулакӣ ба андозаи 1,5% ва нархҳо ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ - ба миқдори 0,1% поин рафтаанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 5,4%-ро ташкил дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.