Дар чор филиали “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ягон хел қарз дода нашудааст.

Дар филиалҳои “Амонатбонк” дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва филиали минтақавии №42-и бонк дар ин давра қарзҳо пешниҳод нашудааст, хабар дод муовини директори филиали минтақавӣ Гулмаҳмад Тағоев.

Бино ба гуфтаи номбурда, бинобар сабаби барнагардонидани воситаҳои қарзии пештар додашуда ба ин филиалҳо, идомаи барномаи додани қарз дар онҳо манъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, изҳор шуд, ки рӯзҳои охир ба филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷайҳун дар ниҳояти кор муяясар шудаст, ки қарзҳояшро баргардонад ва ба ин филиал дубора дастрасӣ ба бастаҳои қарз иҷоза дода шуд.

Тибқи маълумоти филиали Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтар, қаблан филиалҳои “Амонатбонк” ба маблағи умумии 4 млн. 491 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.

Зимнан зикр гардид, ки самти асосии қарздиҳии филиалҳои ин бонк қарздиҳӣ дар бахши иҷтимоӣ ва сипас қарздиҳӣ ба соҳаи агросаноатӣ мебошад.

“Дар самти бозпас баргардонидани воситаҳои қарзӣ ва барқарор кардани дастрасӣ ба бастаҳои барномаи қарздиҳӣ тадбирҳо андешида истодаем”, - илова намуд Тағоев.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, маблағи умумии қарзи пардохташ батаъхирафтода (барнагардонида) назди ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли равон 1 млрд. 805 млн. сомонӣ (беш аз 190 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Наздики 33% аз ин қарзҳои пардохташон батаъхирафтода бо асъори миллӣ ва зиёда аз 67%-аш бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.