Иттиҳоди Аврупо барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) иловатан 72 млн. евро медиҳад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 7 июл мулоқоти "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" бо ширкати намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар поёни ин мулоқот зикр шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳар кадом аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки иловагии моддӣ мерасонад.

Ба иловаи 1 млрд. долларе, ки Иттиҳод барои кишварҳои минтақа аз соли 2014 то 2020 ҷудо кардааст, ба ин кишварҳо 72 млн. еврои дигар дода мешавад.

Ба иттилои Иттиҳод, Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи нави барқӣ 20 млн. евро дарёфт мекунад. Нерӯгоҳи нав барқро қисман ба шимоли Афғонистон содир хоҳад кард. Дақиқ нест, ки кадом нерӯгоҳ мавриди назар аст, аммо Олмон барои сохтмони он изҳори омодагӣ кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот бо намояндаи Иттиҳод вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат карданд.