Тибқи қарори Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони ҶСК «Соҳибкорбонк»  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Соҳибкорбанк» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тавҳидбонк» табдил дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонк, тибқи талаботи моддаи 27 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», санаи 26 июни соли 2019 ба Феҳристи ягонаи қайдгирии давлатии Бонк дар Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ш. Душанбе тағйирот ворид карда, санаи 01 июли соли 2019 Шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии ҶСК “Тавҳидбонк” ба расмият дароварда шуд.

Гуфта мешавад, ҶСК «Тавҳидбонк» вориси ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҶСК «Соҳибкорбонк» ҳисобида мешавад. Суроғаи макомоти идоракунии бонки марказии ҶСК «Тавҳидбонк»  ва реквизитҳои Бонк бе тағйир мононда шуд.

Хотиррасон мешавад, ки бо  мақсади аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ табдил додани ҶСК “Соҳибкорбонк” санаи 14 марти соли 2017  Ёддошти тафоҳум миёни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” ба имзо расида буд.

Санади мазкур аз ҷониби Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмдорони бонк ҷонибдорӣ карда шуда дар ин асно, байни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” барои табдили бомуваффақияти бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ Созишнома “Оиди пешниҳоди хизматрасонии мушовирӣ” ба мӯҳлати 1 сол аз санаи 26 феврали соли 2018 то 26 феврали соли 2019 ба имзо расид.

Лоиҳаи табдилдиҳии бонк аз 9 ҷузъ (компонент) иборат буда, барои татбиқи он бо мувофиқа бо Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Нақшаи корӣ таҳия гардида мутаносибан 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.

Раванди табдилдиҳии Бонк  дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта дархости расмӣ барои гирифтани иҷозатномаи бонкдории исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол шудааст. Оғози амалиётҳои бонкдории исломӣ баъди гирифтани иҷозатномаи БМТ ва анҷоми васли низоми автоматикунонидаи бонкдории исломӣ дар назар аст.

Ҳамзамон мувофиқи Қарори Шӯрои нозирони бонк аз 12-уми декабри соли 2018 оғози расмиёти гузариши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Соҳибкорбанк» аз фаъолияти бонкии анъанавӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ санаи 1-уми марти соли 2019 ва мӯҳлати ба итмом расидани расмиёти гузариш санаи 1-уми августи соли 2019 муқарррар гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.