Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ҶС “Ширкати содиротии суғуртаи «KazakhExport» ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ният доранд, ки баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар бахши зербинои нақлиётӣ ба ҳамкориҳо ривоҷи бештар бахшанд.

Бо мақсади рушди шарикии стратегӣ ҷонибҳо дар бораи ҳусни тафоҳум созишнома ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БАОР.

“Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории дарозмуҳлати судманд барои тарафайн манфиатдоранд, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иншооти зербинои нақлиёти Қазоқистону Тоҷикистон бо истифода аз маҳсулоти ширкатҳои содиротии Қазоқистон нигаронида шудааст”, - омадааст дар хабар.

Қайд мешавад, ки дар созишнома ҳамкорӣ дар бахши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои ҷудогонаи сармоягузорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва дониш тариқи иштироки намояндагони ҷонибҳо дар семинару конфронсҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

“Имзои созишномаи сеҷониба марҳилаи нав барои ҳамкории минбаъдаи муваффақона аст. Умедворем, ки талошҳои мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд”, - қайд кардааст муовини раиси Раёсати БАОР Амонгелдӣ Исенов.

Бар асоси созишҳои ҳосилшуда, БАОР дар гуфтушунидҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузории миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат иштирок ва баҳри татбиқи онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, Бонк имкони маблағгузориро ба лоиҳаҳо дар доираи расмиёти амалкунанда байни БАОР ва Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон низ баррасӣ намуда, дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки иштироки корхонаи Тоҷикистон дар онҳо имконпазир аст, маълумот пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.