Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон нимаи аввали соли равон 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соатро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 июл дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода.

Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 940 млн. кВт/соат сурат гирифта буд.

Вазир қайд кард, ки имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 230 млн. сомонӣ (наздики 25 млн. доллар) даромад ба даст оварда шуд.

Бино ба гуфтаи вазир, аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиротшуда дар нимаи аввали соли ҷорӣ 2,8 млн. кВт/соаташ ба ширкати Pamir Energy рост меояд, ки ба идоракунии низоми энергетикии ВМКБ машғул аст. Боқимонда 1 млрд. 254,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Барқи Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистону Афғонистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон низ интиқол меёбад.

Тибқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Тоҷикистон имсол ба хориҷи кишвар беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад.

Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон нимаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 10,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта - 6,5% зиёдтар аст.

Истеъмолгарони нерӯи барқ 1 млрд. 276 млн. сомонӣ (135 млн. доллар) маблағи истифодаи онро пардохт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.