Ҷараёни тақсими сохтори “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил дар доираи нақшаи инфиродии азнавташкилдиҳии энергохолдинг идома дорад.

“Бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” алҳол пурра анҷом наёфтааст”, - хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 15 июл дар Душанбе муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода.

Муовини вазир қайд кард, ки айни замон марҳилаи сеюми ниҳоии азнавташкилдиҳии сохтори ширкат ҷараён дошта, яке аз самтҳои асосӣ дар ин марҳила роҳандозии фаъолияти дурусти ду корхонаи нави таъсисёфта дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” мебошад.

“Айни замон ин корхонаҳо алҳол зери назорати ширкати “Барқи тоҷик” қарор доранд”, - иброз дошт Шомизода.

Ҳадафи асосии бозсозии ширкати “Барқи точик”-ро ӯ “роҳандозии шаффофият дар низом” унвон кард.

“Яъне ҳудудҳо муайян шуда, бо роҳандозии шаффофият кори низом бояд рӯ ба беҳбудӣ орад”, - қайд кард муовини вазир.

Номбурда илова намуд, ки дар мавриди хусусигардонии корхонаҳои таъсисёфта алҳол ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд. Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд. Дар доираи бозсозии сохтор “Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогонаи мустақил - Шабакаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ тақсим мешавад.

Охири моҳи июни соли равон ба қарори ҳукумат ду ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” - Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд.

Дар қарори зикршуда ба Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шудааст, ки оид ба ҳалли масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ин ду ширкати нави таъсисёфта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.