Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии тарифҳо ба нерӯи барқро ба беҳбуду ба субот овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” нисбат доданд.

“Вазъи молии “Барқи тоҷик” беҳбудиро тақозо мекунад. Тарифҳои нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо, ки айни замон амал мекунанд, хароҷоти ширкатро рӯйпӯш карда наметавонанд, яъне тарифҳои ҳозир амалкунанда аз арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолшуда пасттар аст”, - хабар дод имрӯз ба журналистон Назар Одиназода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.

“Воситаҳое, ки баҳри дастгирии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ҷудо шуданд, бояд на аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки аз ҳисоби истеъмолгарон рӯйпӯш шаванд”, - изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин кор бо назардошти пешниҳоди “Барқи тоҷик” ва Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ҳукумати кишвар амалӣ шуд.

“Бо назардошти хулоса ва пешниҳодҳои комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии ширкати “Барқи тоҷик”, Хадамоти зиддиинҳисорӣ лоиҳаи дахлдор таҳия намуд. Тарифҳои нав мутобиқи ҳамин лоиҳа муқаррар карда шуданд”, - гуфт Одиназода.

Журналистон ба мансабдор дар бораи сабаби дар сатҳи пешина - каме бештар аз 7 дирам боқӣ мондани тарифҳои нерӯи барқ барои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) савол доданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои аҳолӣ он чандин маротиба боло бурда шуд.

“Ин сиёсати давлат аст. Доир ба фаъолияти ин корхона барномаи махсуси ҳукумат амал мекунад ва тарифҳо мувофиқи ҳамин барнома муқаррар карда мешаванд”, - посух дод муовини роҳбари Хадамот.

Мувофиқи қарори санаи 22 июни соли равон қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам 22,66 дирам (бо назардошти ААИ) маблағ пардохт мекунад.

Тарифҳои нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло мераванд.

Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон - КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран аз 1 ноябри соли 2018 боло рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.