Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар як моҳ то 100 ҳазор чӯҷаи навъи бройлериро парвариш намуда, 100 тонна гӯшти мурғ истеҳсол мекунад.

Корхонаи муштарак бо иқдоми соҳибкор аз шаҳри Самарқанд Заршед Муҳаммадиев ва соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Абдуаҳад Раҳимов бо харҷи 100 ҳазор доллар бунёд гардид. То охири сол шарикон ният доранд, ки маблағи гардиши корхонаро то ба 500 ҳазор доллар расонанд.

Дар назар аст, ки гӯшти мурғи истеҳсоли корхонаи «Суғд Самарқанд Парранда» дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи 18 сомонӣ барои як кило фурӯхта мешавад.

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.