Нимаи аввали соли равон дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 3 млрд. 53 млн. сомонӣ (наздики 325 млн. доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додаанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тилло дар ин давра 51,4%, нуқра - 32,5%, хокаи руҳ - 7,9% ва хокаи сурма - 30,5% афзудааст.

Гуфта мешавад, ба ҳисоби умумӣ тиллои ба фурӯш бароварда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва корхонаҳои заргарии кишвар харидорӣ шудааст, ки ин 100 % -ро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кӯҳкориро КМ “Зарафшон”, КМ “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо”, ҶДММ “Пакрут” ва ҶДММ “Мурод” таъмин намуданд.

“Барои рушди соҳа ба маблағи 266,6 млн. сомонӣ  (28,2 млн. доллар) сармояи хориҷӣ ҷалб шуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Вазорат зикр мешавад, ки ҳамзамон ҷиҳати равнақ додани соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ҶСК “Равшан”- истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳиротӣ дар ш. Душанбе ва ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва хокаи сурма дар давраи ҳисоботӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.