“Дар 20 кони Тоҷикистон дар ҷуқурии 3-5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд”, - хабар дод сардори Саридораи геология Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ.

Бино ба маълумоти ӯ, захираҳои нафт дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млн. тонна ва газ - зиёда аз 3 млрд. метри мукааб арзёбӣ шуда, айни замон коркарди конҳо ҷараён дорад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди тилло, нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои рангаву ороишӣ ва маводи радиоактивӣ мебошад.

Айни замон Тоҷикистон бо 22 ширкатҳо ба маблағи 108 млн. сомонӣ қарордодҳо ба имзо расонидааст.

Дар доираи онҳо дар Тоҷикистон корҳои иктишофи геологӣ ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 ба ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ” барои баргузор намудани корҳои иктишофи геологӣ дар кони тиллои Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ, ба ҶДММ “Аперевка” барои анҷоми ҳамин корҳо дар макони зуҳури тилло дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ иҷозатнома дода шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра ҳамчунин тилло, ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми семент, оҳаксанг, регсанг ва газу нафт истеҳсол шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.