Ҳанӯз дирӯз қурби расмии доллар нисбати сомонӣ ба 9,43 сомонӣ баробар буда, муддати як шабонарӯз он 27 дирам боло рафт ва 9,70 сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин ҳолатро ба баробар кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрирасмӣ нисбат медиҳад.

Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин боиси ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад.

“То нимаи моҳи май фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ то ба 6,1% расид, ки ба афзоиши талабот ба асъори амрикоӣ ва дар навбати худ, афзун гардидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомонӣ боис гардид”, - хабар медиҳад БМТ.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти БМТ, барои ҳалли ин масъала Бонки миллӣ як қатор тадбирҳо рӯйи кор гирифта, тасҳеҳи ҳозира аз ҷумлаи онҳост.

“Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад”, - қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА - афзоиши тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро амалӣ карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки қурби ғайрирасмии доллар дар бозор низ тағйир наёфта, 9,70 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.