Таҳияи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” дар марҳилаи анҷомёбист, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми умумии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли оянда 87,3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли равон 7,4% зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2017 - 4,7% ва соли 2018 - 5%-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои манбаъ, таҳиягарони лоиҳаи буҷет бар ин назаранд, ки соли 2020 касри (камбуди) буҷети давлатӣ 350 млн. сомониро ташкил хоҳад дод, ки ба 0,4% аз ҳаҷми умумии ММД баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки тӯли 6 моҳи соли 2019 ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 31,3 млрд. сомонӣ (3,32 млрд. доллар)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми ММД аз ҳисоби афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба - 12,5%, маҳсулоти кишоварзӣ - 10,8%, гардиши савдои чакана - 9,4%, ҳамлу нақли мусофирон - 12,9% ва хизматгузориҳои пулакӣ - ба 0,9% расид.

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали ҳамин сол 2 млрд. 136,9 млн. доллар (сатҳи афзоиш - 3,8%)-ро ташкил дод, аз ҷумла содирот - 570,6 млн. доллар ва воридот - 1 млрд. 566,3 млн. доллар (сатҳи афзоиш - 2,3%).

Ба ҳолати аввали моҳи июл қисмати умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 100,4% иҷро шуда, воситаҳои пулии ба буҷет воридшуда 10 млрд. 949,3 млн. сомонӣ (афзоиш 48,9 млн. сомонӣ) ва нисбати ММД - 35%-ро ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.