Имрӯзҳо Ӯзбекистон аз Тоҷикистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 13 млн. ва Афғонистон - 10 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегиранд.

“Барои ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқ Кобул 3,8 сент ва Тошканд - 2,5 сент маблағ пардохт мекунанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон. - Барқ барои Ӯзбекистон нисбатан арзонтар аст, зеро дар интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон Тошканд нархро хеле камтар кард”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аввали моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистону Ӯзбекистон ба таври назаррас зиёд мекунад.

Ҳаҷми умумии барқи содиротшуда аз Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 314,2 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби содироти барқ ба суратҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 230 млн. сомонӣ (23,7 млн. доллар) маблағ ворид гардид.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн зимни ҷаласаи парлумон директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафаров изҳор намуда буд, ки аз 9 сентябри ҳамин сол агрегати дуюми нерӯгоҳ ба истеҳсоли барқ шурӯъ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.