Рӯзи 27 август бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави шаҳри Душанбе се корхона расман мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарвари давлат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" ҳусни оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд.

1/19

Сипас Сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани Коргоҳи «Зари тоҷик»-и ҶСК «Равшан» дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, коргоҳи «Зари тоҷик» дар масоҳати 1420 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

1/20

Дар коргоҳ асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо, ки аз конҳои кӯҳҳои аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок бойи Тоҷикистон дастрас карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи ҶСК “Заводи асфалту бетон” пас аз таъмиру навсозӣ иштирок карданд.

Корхонаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият карда истодааст. Таҷҳизоти коргоҳ аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ наздики 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

1/7

Дар “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастикӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.