Моҳи июли соли равон Тоҷикистон наздики 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳуриро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Дар ин моҳ Тоҷикистон ба кишварҳо қариб 640 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, қайд мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар дар ин давра 2,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Аз ҳисоби нерӯи барқи фурӯхташуда дар ин давра ба кишварҳои ҳамсоя 230 млн. сомонӣ (наздики 25 млн. доллар) даромад ба даст оварда шудааст.

Мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Тоҷикистон имсол ба хориҷи кишвар беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.