Бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба аввали моҳи августи ҳамин сол зиёда аз 38,3 млн. сомонӣ (наздики 4 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Танҳо аз аввали соли равон қарз аз музди меҳнат беш аз 1 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 26,8% аз ҳаҷми умумии қарз афзуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Қарзи аз ҳама зиёдтарин дар дар бахши воқеии иқтисод дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок - беш аз 13,2 млн. сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 35% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Қарз аз маош дар саноати коркард - ба 5,5 млн. сомонӣ, сохтмон - 3,7 млн. сомонӣ, бахши кишоварзиву хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ - ба беш аз 3 млн. сомонӣ баробар аст.

Дар соҳаи хизматрасонӣ қарзи аз ҳама бештар аз музди меҳнат дар соҳаи нақлиёт (беш аз 10,5 млн. сомонӣ), фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ (793 ҳазор сомонӣ), иттилоот ва алоқа (261 ҳазор сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти идораи омор, музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишвар ба моҳи июни соли ҷорӣ 1498 сомонӣ (155 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ айни замон 400 сомонӣ (41 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати аз ҳама пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва соҳаи моҳипарварӣ - 522 сомонӣ (54 доллар) ва музди меҳнати баландтаринро кормандони бахши миёнаравии молиявӣ ва суғурта - 3338 сомонӣ (345 доллар) мегиранд.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.