Соли оянда ба соҳаи иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сурати умум 11 млрд. 310 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

“Дар муқоиса бо соли равон ин миқдор маблағ 310 млн. сомонӣ зиёдтар аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, 43,2%-и воситаҳо аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба бахши иҷтимоӣ равона мешавад.

Соли 2021 ҳукумат ҷудо кардани 12 млрд. сомониро ба соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ кардааст. Дар соли 2022 ин рақам ба 13,5 млрд. сомонӣ мерасад.

Зимнан зикр шуд, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” мавриди баррасии ҳукумат қарор дошта, то охири ҳамин моҳ ба парлумони кишвар пешниҳод мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми беш аз 23 млрд. 774 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, маблағгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ – зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ, соҳаҳои маориф – наздики 4,4 млрд. сомонӣ ва тандурустӣ – беш аз 1,7 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Хароҷот барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми ҳудуди 3,7 млрд. сомонӣ, чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ – 740 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, экология ва хоҷагии ҷангал – 962 млн. сомонӣ дар назар аст.

Ба комплекси таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетика ҷудо гардидани беш аз 4,1 млрд. сомонӣ, бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 915 млн. сомонӣ, саноат ва сохтмон – 150 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия – зиёда аз 1,7 млрд. сомонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоду хизматгузорӣ – наздики 46 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи дигар хароҷот дар ҳаҷми наздики 2,6 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳаҷми ниҳоии каср (камбуд)-и Буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба андозаи 0,5% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё худ ҳудуди 391 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.