Муомилоти молии аз ҳама камтар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои берунаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли 2019 каме бештар аз 2,1 млрд. долларро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар медиҳад.

Ҳамчунин андозаи нисбатан пасти муомилоти молии хориҷӣ дар Қирғизистон (3,2 млрд. доллар), Арманистон (3,5 млрд. доллар) ва Молдова (4,1 млрд. доллар) сабт шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми аз ҳама бештари гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳои Иттиҳод дар Русия - 318 млрд. доллар сабт шудааст. Дар зинаҳои баъдӣ Украина (52 млрд. доллар), Қазоқистон (45 млрд. доллар), Беларус (34 млрд. доллар), Озарбойҷон ва Ӯзбекистон (17 млрд. долларӣ) қарор доранд.

Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ кишварҳои узви ИДМ ба сурати умум дар ҳаҷми 500 млрд. доллар муомилоти молӣ анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз Русия (+93 млрд. доллар), Қазоқистон (+11 млрд. доллар) ва Озарбойҷон (+3 млрд. доллар), қариб дар ҳамаи кишварҳои дигари ИДМ тавозуни савдо манфӣ сурат гирифтааст.

Каср (камбуд)-и тавозуни савдои Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли равон наздики 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.