Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, 9-уми сентябр дар Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир таъсис дода шуд.

- Он ба рушди тиҷорату савдо ва маҷрои воридшавии сармоя байни Тоҷикистону Британияи Кабир равона шудааст, - қайд мешавад дар маълумоти дар саҳифаи Facebook нашршудаи палата.

“Ба ин ҳадаф мо ба воситаи муносибатҳои савдои дуҷониба, баргузории вохӯриҳо дар сатҳҳои гуногун ва тариқи рушди ташаббусҳои хизматгузорӣ ноил мегардем. Мо ба роҳёбӣ ба бозор, логистика, ташхиси ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешниҳоди машваратҳои касбӣ кумак мекунем, то ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими дӯстии минбаъда мусоидат намоем”, - зикр шудааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод.

Сурат аз Facebook

Стратегияи миллии тарҳрезишудаи Тоҷикистон якчанд бахшҳои стратегӣ (савдо, саноат, кишоварзӣ, зерсохтор, нақлиёт ва логистика, маориф, энергияи барқароршаванда)-ро дар бар мегирад, ки рушди онҳо натанҳо ба иқтисоди дохилӣ, балки ба иқтисоди ҳамсоякишварҳо низ манфиатовар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.