Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузорӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминиро дар қисмати пардохти андози якдафъаинаи сабтшуда дар шакли бонусҳои обунавӣ сабуктар кард.

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдор ба Кодекси андоз дар ин хусус тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт: “Ширкатҳое, ки ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминии кишвар машғуланд, аз пардохти бонуси обунавӣ озод карда мешаванд”.

Ширкатҳои машғул ба истихроҷ дар муддати як моҳ пас аз гирифтани иҷозатнома 30% аз ҳаҷми умумии ин андозоро пардохт карда, боқимонда 70%-и бонуси обунавии ин ширкатҳо, ба ҷуз корхонаҳои истихроҷи ангишт, дар муддати як сол бо ҳиссаи баробар пас аз оғози коркарди кон пардохт мешавад.

Ширкатҳои истихроҷи ангишт вобаста ба ҳаҷми бонуси обунавии ҳисобшуда онро бояд дар муддати аз 1 то 10 сол ҳар моҳ бо ҳиссаи баробар пардохт кунанд.

Вакил Азимхон Толибзода зикр кард, ки то қабули ин тағйирот корхонаҳои истифодабарандаи бойигариҳои зеризаминӣ, аз ҷумла, ширкатҳои машғул ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ то гирифтани иҷозатнома  50%-и бонуси обунавиро пардохт мекарданд.

Вазири молия интизор дорад, ки баъд аз пешниҳоди чунин сабукиҳо ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ афзуда, ин дар навбати худ ба зиёд шудани даромади буҷет аз ҳисоби маблағҳои андоз мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз масъалаи аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷ давра ба давра пардохтани бонуси обунавиро пешбинӣ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.