Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон 28,1% кам шуд.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 82,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ имсол ба Қазоқистон (45,6% аз ҳаҷми умумӣ) ва Русия (20%) содирот шудааст.

Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қирғизистон (9%), Туркия (5,4%), Афғонистон (3,7%), Украина (3%), Олмон (1,8%), Беларус (1,7%), Чин (1,6%), Покистон (1,5%), ИМА (1,2%), Ӯзбекистон (0,6%) ва дигар кишварҳо (4,3%) фиристода шудааст.

Чӣ содирот мекунем?

Дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон бештар пиёз – 56,8 ҳазор тонна содирот шудааст, ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта ҳаҷми он 24 ҳазор тонна кам шудааст.

Ҳамчунин имсол дар ҳаҷми нисбатан зиёд хушкмева (11,1 ҳазор тонна), ангур (4,1 ҳазор тонна), зардолу (4 ҳазор тонна) ва олу (2,5 ҳазор тонна) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Бодиринг, сабзӣ, карам, картошка, чормағз, шафтолу, себ, нок, тарбузу харбуза, маҳсулоти ситрусӣ ва ғайра нисбатан кам содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ-индустриалӣ буда, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 20% ва соҳаи саноат – 17,7%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 19 млрд. сомонӣ (наздики 2 млрд. доллар)-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1% бештар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.