Намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Ғиёсиддин Немонов имрӯз, 24-уми октябр дар маҳфили навбатии рӯзноманигории иқтисодӣ “Тавозун” дар мавзӯи “Имконот ва мушкилиҳои фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” изҳор дошт, ки “дар муқоиса бо кишварҳои дигар Тоҷикистон кишвари тозабунёд аст”.

Аз ин рӯ, ӯ тавсия дод, ки “андак сабр мебояд кард”, то механизми пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ рушд кунад.

“Бовар дорем, ки солҳои наздик, тавре дар Стратегияи миллии рушд гуфта мешавад, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ афзуда, нақши соҳибкорони ватанӣ ва дар маҷмӯъ, бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар тақвият меёбад”, - қайд кард Немонов.

Пас аз ду сол дар Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Иштирокчиёни маҳфил зикр карданд, ки тайи солҳои охир ба Тоҷикистон асосан аз Чин сармоягузории мустақим ҷалб шуда, “сармоягузорони кишварҳои дигар ба маблағгузории иқтисоди Тоҷикистон чандон таваҷҷуҳ надоранд”.

Афзоиши сатҳи миёнаи солонаи сармоягузории мустақими Чин ба Тоҷикистон тайи панҷ соли охир 55%-ро ташкил дод. Қариб нисфи ин сармоягузорӣ ба коркарди конҳои металлҳои ранга равона мешаванд. Ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин ба Тоҷикистон ҳанӯз охири соли 2016 марзи 1 млрд. долларро гузашта буд.

Намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Ҳоким Исмоилзод қайд кард, ки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи сармоягузорони хориҷӣ баробаранд.

Ӯ таъкид дошт, ки вобаста ба кишварҳо дар қонунгузорӣ ҳеҷ гуна маҳдудият ё афзалият вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари Чин, сармоягузорони дигар кишварҳо низ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Барои тасдиқи гуфтаҳои худ ӯ таъкид дошт, ки соли равон зиёда аз 50 кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд ва дар ҳамин ҳол, қисмати бештар аз ин сармоягузориҳо ба Чин рост меояд.

Номбурда илова кард, ки дар ин самт Чин натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо кишварҳои ҳамсоя, Аврупо ва ба сурати умум бо давлатҳои саросари дунё фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Шореҳи сиёсӣ Нуралӣ Давлатов ба ҳукуматдорони тоҷик тавсия медиҳад, зимни ҷалби сармояи Чин таҷрибаи кишварҳоеро, ки “назди Чин ба қарз ғӯтавар шудаанд”, ба инобат гиранд.

“Ҷалби беҳад зиёди маблағҳо аз Чин ба соҳибистиқлолии кишварҳои хурд хатар эҷод карда метавонад”, - изҳор дошт шореҳ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.