Моҳи гузашта беш аз 20%-и нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Тавре дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” қайд мешавад, моҳи сентябри соли равон аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми зиёда аз 307 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол шудааст, ки 20,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар дар моҳи сипаришуда беш аз 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.

Аз ҷумла, наздики 165 млн. кВт/с нерӯи барқ ба Ӯзбекистон, қариб 130 млн кВт/с ба Афғонистон ва зиёда аз 12 млн. кВт/с ба Қирғизистон содирот шудааст.

Ҳамин тариқ, давоми ҳашт моҳ Тоҷикистон ба ин кишварҳо беш аз 2,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол додааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҳисоби содироти нерӯи барқ дар ин давра ҷумҳурӣ 85,4 млн. доллар даромад гирифтааст.

Соли равон Тоҷикистон ният дорад, ки дар маҷмӯъ наздик 3,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар сохторҳои энергетикии кишвар итминон медиҳанд, ки бо оғози камбуди барқ дар Тоҷикистон, интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.