Дар 9 моҳи соли равон беш аз 411 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри дарёфти кор қаламрави кишварро тарк кардаанд.

Шумори шаҳрвандони муҳоҷиратро дар ин давраи соли равон ихтиёркарда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26% афзудааст.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргаштагон наздики 280 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд аст.

“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-сентябр дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, - гуфта мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Афзоиши босуръати ба муҳоҷират рафтан, мувофиқи диаграммаи Вазорати рушди иқтисод, моҳи апрели соли равон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин моҳ ҳудуди 90 ҳазор шаҳрвандон баҳри дарёфти кор Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Сарфи назар аз мушоҳидаи афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо ба ватан соли равон кам шуд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, тӯли 6 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 111 млн. доллар (дар ҳамин давраи соли гузашта – 1 млрд. 159 млн. доллар) пул фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 4,2% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аксаран кор дар қаламрави Русияро афзалтар медонанд.

Тибқи маълумоти ниҳоди муҳоҷирати Русия, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Дар қаламрави Русия муҳоҷирни тоҷик бештар корҳои музди меҳнаташон пастро ба уҳда мегиранд.

Интиқоли пул аз ҷониби онҳо маъмулан як маротиба дар як моҳ баъд аз гирифтани музди меҳнат сурат мепазирад.

Маблағи миёнаи як интиқол мувофиқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввал 145 долларро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки маблағи миёнаи як интиқол ба Ӯзбекистон ба 350, Арманистон – 305,  Озарбойҷон – 295 ва Қирғизистон – 200 доллар баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.