Давоми нуҳ моҳи соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 77,1 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Дар ин бора дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, маблағи умумии гази табии дар ин давра аз Ӯзбекистон интиқолёфта ҳудуди 9,8 млн. долларро ташкил медиҳад.

Истеъмолгари асосии гази воридотӣ дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад.

Ҳамчунин аз гази Ӯзбекистон баъзе корхонаҳои начандон бузурги канори ҷодаи марказӣ дар ғарби Душанбе – Ҳисору Турсунзода низ истифода мекунанд.

Дар назар аст, ки пас аз давра ба давра барқарор сохтани зербинои зарурӣ, истеъмолгарони маишӣ низ ба лӯлаи газ пайваст мешаванд.

Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли гузашта дубора аз сар гирифта шуд. То охири соли 2018 Тоҷикистон аз ҳамсоякишвар дар ҳаҷми 54 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.