Охири ҳафтаи гузашта бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ давраи таҷрибавии Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ медиҳад, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат Хуршед Каримзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода қайд кард, ки Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, соддагардонии савдо, кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки Консепсияи ташаккули Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумати кишвар ҳанӯз моҳи декабри соли 2008 қабул шуда буд.

Барномаи ҷорӣ кардани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 бо қарори ҳукумат маъқул шуморида шуд.

Охири соли 2010 дар назди Хадамоти гумрук КВД “Маркази Равзанаи ягона” таъсис дода шуд, ки тамоми ин солҳо аз ҳисоби буҷети кишвар маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти он ба фароҳамсозии шароити мусоид баҳри кори пурсамари Равзанаи ягона равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.