Ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 32,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омор “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода шудааст.

Гуфта мешавад, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон бештар гандуму орд (тибқи вазни қиёсӣ беш аз ҳамаи дигар мавод), шакар, равғани рустанӣ, сабзавот, мева, картошка, маснуоти ордӣ, ширӣ, тухм, чой ва дигар маҳсулот оварда мешавад.

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2018 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулоти озуқаворӣ 11,2% афзудааст.

Аз ҷумла, ҳаҷми воридоти тухм (30,8%), орд (47,3%), равғани рустанӣ (39,4%), гандум (6,9%), сабзавоти консервашуда, қиёми помидор (1,9 баробар), маҳсулоти макаронӣ (29,8%), сабзавот (16,7%), шакар ва маснуоти қаннодӣ (18,3%), чой (9,1%) ва мева (0,6%) афзудааст.

Аммо дар ин давра ҳаҷми воридоти картошка (89,0%), шарбати мева ва сабзавот (28,6%), шир ва маҳсулоти ширӣ (2,5%) кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ дар содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 3,1%-ро ташкил медиҳад. Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан сабзавоту мева содирот мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.