Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархи шир дар Тоҷикистон ба андозаи 25% боло рафт. Имрӯз ба гунаи мисол, 1 литр шир дар бозорҳои пойтахт 5 сомонӣ арзиш дорад, аммо дар моҳи ноябри соли 2018 он бо нархи 4 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки арзиши хӯроки чорво боло рафта, он боиси афзоиши нархи маҳсулоти ширӣ ба андозаи 20-25% шудааст. Қаблан ҳукумат барои поин бурдани нархи гӯшту маҳсулоти ширӣ тадбирҳо андешида, як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда буд.

Ба андешаи коршиносон, бо назардошти афзоиши нархи зироати ғалладона ва сӯзишворӣ, минбаъд ҳам арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва шир дар Тоҷикистон боло меравад.

Аммо истеҳсолгарон мегӯянд, ки ин хусусияти мавсимӣ дорад. Дар фасли зимистон истеҳсоли шир коҳиш ёфта, мутаносибан, нархи ширу маҳсулоти ширӣ меафзояд, вале дар мавсими тобистон каме арзон мешавад. 

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 622 ҳазору 159 тонна шир истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1% бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти ширӣ аз Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳо идома додааст. Дар ҳаҷми умумии воридоти нимсолаи аввали 2019 ҳиссаи маҳсулоти ширӣ 3,9% буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% коҳиш ёфтааст.

Ахиран Тоҷикистон якчанд лоиҳаи муштаракро бо Беларус барои таъмини бозори худ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ амалӣ мекунад. Ояндаи наздик дар Душанбе ва Ҳисор корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор медароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.