Афзоиши нисбатан пасти нархҳои истеъмолӣ давоми сол дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Моҳи октябр сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ ҳамагӣ 0,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

То ин дам афзоиши аз ҳама пасти нарху тарифҳо дар кишвар моҳи март – 0,3% сабт шуда буд. Афзоиши баландтарин дар моҳҳои апрел ва май буд – 1%.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (октябри соли 2018 – октябри соли 2019) ба 7,3% баробар шудааст. Аз аввали соли равон (тайи 10 моҳ) нарху тарифҳо дар кишвар ба андозаи 6,4% боло рафтааст.

Сабзавоту гӯшт, маҳсулоти нонӣ, доруворӣ, нерӯи барқ ва хизматгузориҳои маишӣ ба таври назаррас гарон шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дод. Тибқи пешгӯии ҳукумат, имсол сатҳи таваррум тақрибан ба 7% баробар хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.