Соли оянда барои пардохти қарзи давлатии Тоҷикистон қариб 220 млн. доллар маблағҳои буҷет равона мешавад.

Дар Буҷети давлатии тасдиқшуда барои соли 2020 ҷиҳати пардохти қарзи беруна ва дохилии кишвар беш аз 2 млрд. 128 млн. сомонӣ (қариб 220 млн. доллар) маблағ пешбинӣ шудааст, ки ба 8% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет баробар аст.

Ҳаҷми умумии қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда зиёда аз 26,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, равона шудани беш аз 1 млрд. 281 млн. сомонӣ ба пардохти қарзи беруна ва ҳудуди 847 млн. сомонӣ ба пардохти қарзи дохилӣ дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ба аввали моҳи октябри соли равон ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ беш аз 3,6 млрд. долларро ташкил дод, ки 2,9 млрд. доллар қарзи беруна ва 715 млн. доллар қарзи дохилӣ аст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк) боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ аз он беш аз 1,4 млрд. доллар қарздор аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳаҷми начандон зиёд қарздор аст.

Ҳиссаи назаррас дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) рост меояд, ки ба маблағи 500 млн. доллар дар бозорҳои байнулмилалӣ фурӯхта шуданд.

Дар сохтори қарзи дохилии ҷумҳурӣ беш аз 40%-ро векселҳои давлатӣ барои дастгирии молиявӣ (рекапитализатсия)-и ду бонки мушкилдор – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ин қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) ва векселҳои Вазорати молия барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.