Бонки осиёии рушд (БОР) кумаки молиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 400 млн. доллар давоми солҳои 2020-2022 ба нақша гирифтааст.

“Ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор дар ихтиёр доштани маблағҳои БОР ва омодагии лоиҳаҳо, инчунин шарикӣ ва маблағгузории имконпазир аз ҷониби дигар созмонҳои мададрасони бисёрҷониба ва дуҷониба вобаста аст”, - хабар медиҳад намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Нақшаи индикативии сармоягузорӣ аз лоиҳаҳои инкишофи малакаҳои корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика, беҳбуди зербинои шаҳрӣ, кори нақлиёт, дастгирии рушди бахши молиявӣ, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ ва дигар бахшҳо иборат мебошад.

Ғайр аз ин, БОР имкони сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар тиҷорати кишоварзӣ, бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳо низ баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин БОР дастгирии рушди бахши сайёҳӣ, таъмиру навсозии долонҳои муҳими нақлиётӣ, рушди зербинои шаҳрӣ, баланд бардоштан устуворӣ нисбат ба офатҳои табиӣ ва ислоҳоти фазои сармоягузориро дар нақша дорад.

Айни замон Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси кумаки бебозгашт ёрии молиявӣ дастрас мекунад.

Лекин мақоми кишвар ҳамасола бозбинӣ мешавад ва вобаста ба устувории қарзи берунаи ҷумҳурӣ, он метавонад тағйир ёбад.

Ҳаҷми сандуқи ҷории БОР дар Тоҷикистон қариб 780 млн. долларро ташкил медиҳад. Он аз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, бахши кишоварзӣ, тнадурустӣ, маориф ва рушди шаҳр иборат аст. Соли 2019 БОР баҳри дастгирии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон грант тасдиқ кард.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Соли 2018 уҳдадориҳои умумии БОР оид ба қарзу грантҳо 21,6 млрд. долларро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.