Намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 декабр дар Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Вусъат додани имкониятҳои сармоягузорӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ: сармоягузорӣ баҳри иттифоқ ва рушд” дар Истанбул иштирок карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи мазкур Фаррух Ҳамрализода ҳамроҳи сарвари ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” Шералӣ Кабир ва роҳбари ширкатҳои “Тоҷиккристал” ва “Роҳат Тур” Умедҷон Абдураҳмонов намояндагӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар қисмати кушодашавии конфронс Фаррух Ҳамрализода суханронӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Дар Кумита умедворанд, ки иштирок дар ин чорабинӣ ва рӯнамои имкониятҳои сармоягузории кишвар ба барқарор кардани муносибатҳои хуби сармоягузорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ имкон медиҳад.

Дар кори конфронс сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узви СҲИ, ҳамчунин сармоягузорони бонуфуз, роҳбарони ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ширкат варзиданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, тайи 11 соли охир ба Тоҷикистон муяссар шудааст, ки 3,6 млрд. доллар сармоягузории мустақими хориҷиро ҷалб кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.