Ширкати TBEA-и Чин дар мавзеи кӯҳистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои кормандонаш, ки ба коркарди конҳои тилло машғуланд,  шаҳраки истиқоматӣ сохт.

Ширкати мазкур ба ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе бо арзиши 350 млн. доллар ба коркарди ду кони тилло – “Дуоба” ва "Кумарғи Боло” ҳуқуқ пайдо кард.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, конҳои номбурда дар баландии 1800-4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар он ҷо айни замон беш аз 400 нафар кормандони ширкат ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва корҳои иктишофи геологӣ машғуланд, ки қариб нисфи онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Айни замон ширкат корҳои сохтмониро дар майдони ишқорронӣ бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна маъдан дар як сол, зеристгоҳ ва хатти интиқоли нерӯи барқ дар масофаи 29 км, роҳи автомобилгард ба масофаи 21 км, шаҳраки истиқоматии коргарон ва озмоишгоҳи санҷиши маъдан ба итмом расонида, иншоот ба истифода дода шудааст.

Ба сохтмони корхонаи ғанисозӣ бо ҳамаи иншооти зербино ТВЕА дар маҷмӯъ 180 млн. доллар маблағ равона карданист.

Корхонаи ғанисозӣ дар марҳилаи якум бо иқтидори коркарди 660 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори холис намудани 2 тонна тиллои сифати 999,9 дар як сол ба фаъолият мепардозад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, захираҳои ҳисобшудаи конҳои “Дуоба” ва “Кумарғи Боло” 64,7 тонна тилло мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.