Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”-ро дар қатори бунёди мактабҳо аз пардохти андоз дар соли оянда озод карданд.

Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 қайд мешавад, ки сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида дар соли оянда озод карда мешавад.

Ҳамчунин кор ва хизматрасониҳо оид ба сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз пардохти чунин андозҳо озод карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Сохтмони иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.

Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи панҷситорадор 15-уми марти соли 2006 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон доир гардид. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот бояд муддати 1,5 сол пурра ба итмом расад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар ин меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор ба амал омад. Сабабаш истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон маънидод шуд.

Дар бораи ҳаҷми зарари сӯхтор, ки ба ҳисобу китоби он комиссияи махсус машғул буд, маълумот дода нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.