Мутахассисони ширкати ҷопонии CTII ба корҳои лоиҳакашии қитъаи 10-километраи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд.

Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати JICA масъалаҳои марбут ба оғози корҳои таҳқиқотӣ-лоиҳакашӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ байни Вазорати нақлиёт ва ширкати лоиҳакашӣ-машваратии “CTII” қарордодҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Моҳи сентябри соли равон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии JICA дар ҷумҳурӣ Хидеки Танаба созишномаи грантӣ ба имзо расониданд, ки мувофиқи он ҳукумати Ҷопон барои лоиҳакашии муфассали қитъаи роҳи мазкур беш аз 30 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” амалӣ мешавад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати “Синтзян Бейсин”-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ ширкати “КОКС”-и Олмон мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.