Соли 2019 наздики 26 ҳазор субъекти соҳибкорӣ барҳам дода шуданд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,1,4 ҳазор ширкат ва 24,4 ҳазор соҳибкор тиҷорати худро қатъ карданд.

Дар баробари ин соли гузашта беш аз 36 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1,1 ҳазор ширкати нави хусусӣ ва 35,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба кор оғоз карданд.

Ҳамин тариқ, давоми сол шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда беш аз 10 ҳазор адад афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори ширкатҳои хусусӣ 245 адад кам шуда, теъдоди соҳибкорони инфиродӣ баръакс 10,8 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 330 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.