Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди иқтисоди деҳоти кишвар 30 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Грант аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо мешавад.

Тавре котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, Созишномаи грантиро оид ба маблағгузории лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ҳафтаи гузашта дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс имзо карданд.

Гуфта мешавад, мақсади татбиқи лоиҳа фароҳам овардани имконоти нави иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти Хатлон ва ВМКБ тавассути рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва агробизнес мебошад.

Дар доираи лоиҳа корҳои таъмиру таҷдид ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ВМКБ, инчунин қалъаи Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мавзеи Чилучорчашма дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Аз ҳисоби ин маблағ беҳсозии инфрасохтор ва мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳолати бозорҳои кишоварзии маҳаллӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз аввали соли 2020 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.