Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии нарх ба ҳамаи хизмарасониҳоро, ки дар Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.
“Чанд рӯз пеш Хадамот ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати асоснокии ҳар моҳ ситонидани 80 дирам аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам дархост фиристод”, - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муъминзод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа барои пешниҳоди ҷавобҳо ба ин дархост як моҳ муҳлат дода шуда, пас аз омӯзиши натиҷаҳои он Хадамот ба ВАО дар ин хусус маълумоти муфассал пешниҳод мекунад.
“Баъзе ширкатҳо арзиши хизматрасониҳои худро аз соли 2011 бозбинӣ накардаанд ва аз ин рӯ, барои рӯйпӯш кардани хароҷоти худ дар муқоиса бо варақаҳои пардохт маблағи зиёдтар меситонанд”, - иброз дошт ӯ.
Доир ба фоизситонӣ дар терминалҳо
Ҳарчанд мувофиқи қонунгузорӣ ситонидани фоиз дар терминалҳои пардохт манъ шуда бошад ҳам, лекин ин кор идома дорад. Дар ин робита Муъминзод изҳор дошт, ки “нисбат ба терминалҳои “Ҳумо” ва “Пайванд” чораҳо андешида шуда, ҳозир онҳо аз муштариён фоиз намегиранд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ доир ба ширкати Express Pay, ки дар терминалҳои пардохташ фоизситонӣ идома дорад, чизе нагуфт.
“Нархи орд поин рафт”
Ба қавли Муъминзод, Хадамот танҳо дар ҳолате ба нархи бозор дахолат карда метавонад, ки маҳсулот якбора 20% гарон шавад.
“Ягон маҳсулот то 20% қимат нашуд. Танҳо нархи орд 17% боло рафта, мо ба он дахолат кардем ва ба туфайли ин арзиши орд аз 220 сомонӣ то ба 202 сомонӣ поин рафт”, - қайд кард раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Муъминзод болоравии нархи ордро ба кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон марбут медонад.
Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гандум дар як сол 1 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста