Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзии низомсозро барои соли 2020 муайян кард.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2020” бо қарори Раёсати Бонки миллӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаи фаъолияти солона (аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2019) ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун низомсоз дохил шуданд.

Инҳо Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата” мебошанд.

Дар банди ҷудогона ба сифати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ дар замима ба қарор Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" зикр мешавад.

Дар замима шарҳ дода мешавад, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ он муассисаҳои молиявие дохил мегарданд, ки аз рӯйи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия шуда, дар сомонаи Бонки миллӣ ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.