Сабаби иҷро нашудани нақшаи қисми даромади буҷетро муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солеҳзода дар нақшабандии нодурусти намудҳои андоз медонад. Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарии 3-юми феврал ибрози назар кард.

“Дар ҳама ҳолат нодуруст банақшагирии қисми даромади буҷет аз рӯйи намуди андозҳо ба мушкилӣ оварда мерасонад. Дар вилоят ду намуди андоз таъмин нашуд ва аз ин ҳисоб 61 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Ин андоз аз арзиши иловашуда – 52,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби андози иҷтимоӣ – 9 миллион сомонӣ. Аз дигар намуди андозҳо мо аз нақша 65 миллион сомонӣ бештар ҷамъоварӣ кардем. Ин рақамҳоро Шумо худ таҳлил кунед”, - гуфт Солеҳзода.

Вай афзуд, омилҳои дигари иҷро нашудани қисми даромади буҷет сатҳи пасти маърифати андозсупорӣ ва дуруст ба роҳ монда натавонистани коргузорӣ дар самти ҷамъоварии андоз мебошад.

“Соли 2019 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қисми даромади буҷаашро дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ иҷро накард. Давоми як соли охир 3-4 сардори нозироти андози ноҳия иваз карда шуд. Сабабаш дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо ва ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадории мансабиашон буд, ки нақшаи қисми даромади андози ноҳия иҷро нашуд”, - илова кард ӯ.

Дар идомаи суҳбаташ Абдурозиқ Солеҳзода гуфт, ки дар баробари омилҳои мазкур боз сабабҳои дигар ҳастанд: “Мо айни замон ба хотири саривақт ҷамъоварӣ шудани андозҳои давлатӣ кӯшиш карда истодаем, ки бо васеъ кардани доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ маърифати андозсупории мардумро баланд бардорем. Агар мо ба ин мақсад бирасем, раванди ҷамъоварии андоз ба маротиб осон ва босифат хоҳад шуд”.

Муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон гуфт, ки 152 нафар кормандони мақомоти андоз бо назардошти натиҷаҳои соли 2019 аз вазифа озод гардиданд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 39 корманди нозироти андоз аз мақомот ронда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.