Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникиро дар ҳаҷми 1 млн доллар барои таҳияи лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда оид ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашӣ дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахш дар Тоҷикистон маъқул донист.

“Ба бахши кишоварзӣ 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон рост омада, наздики 51%-и аҳолӣ дар ин соҳа кор мекунад. Дар кишвар танҳо 7% заминҳо корам буда, бахши кишоварзӣ бо ҳосилнокии паст дар ҳоли рушди заиф қарор дорад, ки дар натиҷа яке аз сатҳҳои аз ҳама пасти амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Зерсохтори обёрӣ ва заҳкашӣ хароб шудааст, ки истеҳсолнокиро дар бахши кишоварзӣ боз ҳам зиёдтар коҳиш медиҳад”, - қайд мешавад дар иттилои намояндагии БОР дар Душанбе.

Барои гранти кумаки техникӣ заминаи фанниву иқтисодии корҳои таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашии ноҳияҳои Ёвон ва Қумсангир таҳия мешавад. Дар заминаи фанниву иқтисодӣ тадбирҳои лоиҳавӣ муайян шуда, ба он арзёбиҳои техникӣ, муҳитзистӣ (экологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ дохил мешаванд.

БОР ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 1,8 млр доллар, бо шумули зиёда аз 1,3 млрд доллар ба сифати грант додааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.