Соли 2019 Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро ба имзо расонид, ки мувофиқи онҳо 8 корхонаи нав сохта мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2019 Тоҷикистон бо ҷалби маблағгузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ 7 созишномаи сармоягузорӣ имзо кардааст. Мувофиқи онҳо 8 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад: истеҳсоли маснуоти қаннодӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ; сементбарорӣ дар Душанбе ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва боз дигар корхонаҳои нав. Барои сохтмони онҳо наздики 2,4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Тавре Ҳамрализода қайд кард, ба ҳолати 1 январи соли 2020 шумори лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Тоҷикистон ба 65 расидааст.

Маблағи умумии онҳо беш аз 32 млрд сомониро ташкил медиҳад: 16,9 млрд. (52,6%) – маблағҳои қарзӣ, 13,6 млрд (42,4%) – грантҳо ва 1,4 млрд сомонӣ (4,4%) – саҳми ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Кумита, соли 2019 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 346 млн доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ворид шудааст, ки 6% бештар аз соли 2018 мебошад.

Аз лиҳози сармояугзориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019 Чин пшесаф мебошад (262,3 млн доллар). Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон – 33,1 млн доллар ва Туркия – 13,5 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.