Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 102 адад корхонаю коргоҳҳои нав дар соли 2019 таъсис гардида, 1455 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд. Ҳамчунин давоми соли гузашта дар ҳудуди вилоят фаъолияти 44 корхонаи қаблан ифтитоҳшуда қатъ гардидааст, ки дар натиҷа 286 нафар бекор мондаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар камтаҷрибагии бархе аз соҳибкорон, пеш аз ташкили корхона наомӯхтани бозор ва рақобатпазир набудани молу маҳсулоташон ба шароити имрӯза арзёбӣ кард.

“Бисёриҳо бе ҳисобу китоб, бе омӯхтани бозор қарзҳоро бо фоизи баланд мегиранд, баъд рақобат карда наметавонанд. Аз ҳисоби ҳамин бисёриҳо муфлис шуда истодаанд. Барои пешгирии ин ҳолатҳо мо дар 18 шаҳру ноҳия худи раисонро вазифадор кардем, ки мутахассисони беҳтаринро даъват намоянд. Тренингҳо гузаронида, ба соҳибкорон роҳҳояшро фаҳмонида истодаем, ки оянда ба ҳамин камбудиҳо роҳ надиҳанд. Мо ҳаракат мекунем, ки теъдоди корхонаҳоро зиёд намоем. Аз кор мондани корхонаҳои хурду миёна назар ба солҳои пешин якчанд маротиба кам шудааст. Боварӣ дорам, ки оянда боз шумораи онҳо камтар мешавад”, - изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
1/7

Соли сипаришуда дар ташкили коргоҳу корхонаҳо Хуҷанд – 16 адад, Панҷакент – 14 адад, Бобоҷон Ғафуров – 12 адад ва Истаравшан – 12 адад пешсаф буда, шаҳру навоҳии боқимонда дар ин давра аз 2 то 7 ададӣ ба истифода додаанд.

Фаъолияти корхонаҳои навтаъсис ба истеҳсол ва банду басти меваи хушк, коркарди гандум ва истеҳсоли орд, равғани рустанӣ, гӯшти мурғ, дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, ришта, либос, оҳану бетон, коркарди сабзиву пиёзи хушк, чӯбу тахта, арматура, санг ва регу шағал ихтисос дода шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки соли 2020 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёди 130 адад корхонаву коргоҳҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят қариб 10 ҳазор иншоот бунёд мешаванд, ки аз он 300 ададашро корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ташкил хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода маълумот дод, ки соли 2019 дар ҳудуди вилоят фаъолияти 44 корхона қатъ шуда,  286 нафар бекор монданд.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд (якум аз чап)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.